Ҷуз вай чӣ бошад, к-аз аҷал андаррабояд кулли мо? Сад ҷон барафшонам бар ӯ, гӯям: "Ҳанийян, марҳабо! ". Рақсон суви гардун шавам, з-он ҷо суви бечун шавам, Сабру қарорам бурдайӣ, ай мизбон, зутар биё! Аз маҳ ситора мебарӣ, ту пора-пора мебарӣ, Гаҳ ширхора мебарӣ, гаҳ мекашонӣ дояро!